Кӯмаки Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи Рамазон

Date:


Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонид. Миқдори аввали кӯмак чанде қабл ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳар кадоме аз қуттиҳои кӯмак аз якчанд бастаҳои макарон, қанд, орд, биринҷ ва намак иборат аст. Қисмати дуюми кӯмак аксаран аз хурмо иборат хоҳад буд.

Ба гуфтаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, имрӯз қисмати дуюми кӯмак низ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас он ҷиҳати тақсим миёни оилаҳои камбизоат ба сохтори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ супорида мешавад.

«Агар оилаи камбизоат аз 3-4 нафар иборат бошад, барои ин гуна оилаҳо дар тамоми муддати моҳи Рамазон 2 қуттӣ аз ин кӯмак пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мо ният дорем, ки туҳфаҳои худро ба хона-интернатҳои тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд низ расонем. Барои онҳо ин барои як сол басанда аст», – зикр кард сафир.

Дар робита ба маблағи кӯмак сафир гуфт, ин як туҳфаест ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва аз ифшои маблағи умумии он худдорӣ кард. «Бигзор дӯстони тоҷик кӯмаки моро ҳамчун туҳфа қабул кунанд», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад. Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

2 КОММЕНТАРИИ

  1. кумаки арабистони сауди

    оё ин кумак бахалк расонда шуд ё ба бонкхой мамлакатхой Европа ё амрико
    чунки мо аз ин кумак то хол нашнидаем

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...