Боздиди вакилони Парлумони Аврупо аз АНМН ва Академияи улум

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндагони парламенти Аврупоӣ таҳти роҳбарии ҷаноби  Струан  Стивенсон баргузор гардид. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, расонидани кӯмак ба сохторҳои дахлдори кишвари мо дар самти таҷҳизоти техникӣ, шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии кинологӣ ва […]

Аваз Юлдошев


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндагони парламенти Аврупоӣ таҳти роҳбарии ҷаноби  Струан  Стивенсон баргузор гардид.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, расонидани кӯмак ба сохторҳои дахлдори кишвари мо дар самти таҷҳизоти техникӣ, шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии кинологӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин коркарди ҳамкориҳои стратегӣ дар ин самт аз ҷумлаи масоили асосии вохӯрӣ буданд.

Директори Агентӣ меҳмонҳоро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд. Вай ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мустаҳкам кардани назорат дар сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд дод.

Ҷаноби Стивенсон  ба Директори Агентӣ дар бораи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар самти мустаҳкам кардани сарҳад ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кишварҳои Осиёи Миёна хабар дод. Дар бораи нақшаҳои наздиктарини Иттиҳоди Аврупо сухан гуфта, вай қайд кард, ки ташкилот диққати асосиро ба масъалаҳои амният, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор равона месозад.

Ҳамчунин чанде қабл намояндагони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии ҷаноби  Струан  Стивенсон бо олимони тоҷик мулоқот ороста, бо таҳқиқоти онҳо дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа шинос шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.