Кӯмаки БҶ ба Тоҷикистон дар омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон

Зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Марша Олив масоили ҳамкорӣ дар соҳаи танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳалли масъалаи таъсиси марказҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз маркази матбуоти Хадлдамоти муҳоҷират хабар доданд, М.Олив изҳор кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Марша Олив масоили ҳамкорӣ дар соҳаи танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳалли масъалаи таъсиси марказҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Хадлдамоти муҳоҷират хабар доданд, М.Олив изҳор кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба мусоидат дар ҳалли омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ ва танзими мушкилоти муҳоҷират дар Тоҷикистон омода аст. «Масъалаи таъсиси марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ бояд дақиқан ва ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад», – гуфтааст ӯ.

Мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷират ба намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба дар танзими он изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи зарурати рушди заминаи илмии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.