Таваҷҷуҳи ширкатҳои Чехия ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

Чанде қабл дар Душанбе миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, санади мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ширкатҳои ҳарду кишвар ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар Душанбе миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, санади мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ширкатҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расид.

«Дар доираи Ёддошти мазкур тарафҳо аҳд кардааднд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва кушодани хати қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли саноатӣ ва энергетика, аз ҷумла сохтмони заводҳои сементбарорӣ ва НБО-ҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, қарор шудааст, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯшиш ба харҷ дода, онҳоро бояд ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “FINAPRA a.s.”, ки маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро ба ўҳда хоҳад гирифт, пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.