Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО-2012

Дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Корея маросими Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи махсуси ЭСПО-2012 пуршукуҳ ҷашн гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин маросим муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов сарварӣ кард. Ба ҳайат ҳамчунин комиссари гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Корея маросими Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи махсуси ЭСПО-2012 пуршукуҳ ҷашн гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин маросим муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов сарварӣ кард. Ба ҳайат ҳамчунин комиссари гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси ПСС ҶТ, оператори миллии гӯшаи Тоҷикистон  Шариф Саид ва сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода низ шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, комиссари генералии ЭСКПО-2012 Ли Чжун Хи ба меҳмонон барои иштирок дар кори намоишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдомро дар таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Кореяву Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гӯшаи Тоҷикистонро яке аз гӯшаҳои ҷолиб ва сертамошогари намоишгоҳ номид.

«Зимни суханронӣ Матлубхон Давлатов зикр кард, ки таваҷҷуҳи зиёд ба гӯшаи Тоҷикистонро ба имконоти бузурги кишвар барои роҳандозии ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ марбут медонад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар қисмати консертии чорабинӣ гурӯҳи доирадастону карнайнавозони тоҷик ва ҳунарпешагони ансамбли рақсии «Гулрез» хотири ҳозиринро шоду болида гардониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.