Иштироки футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон даъват шуд. Мусобиқоти мазкур аз 20 то 30-юми сентябр дар Ашқобод доир мегарданд. Бино ба маълумоти Федератсияи утболи Тоҷикистон, мусобиқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сайёҳӣ ва варзиши Туркманистон созмон дода мешавад. Баргузории мусобиқот тибқи нақшаи чорабиниҳо […]

Аваз Юлдошев


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон даъват шуд. Мусобиқоти мазкур аз 20 то 30-юми сентябр дар Ашқобод доир мегарданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи утболи Тоҷикистон, мусобиқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сайёҳӣ ва варзиши Туркманистон созмон дода мешавад. Баргузории мусобиқот тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Консепсияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2012 пешбинӣ шудааст.

Маблағи мукофотпулии мусобиқот 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ҳамроҳ бо Ҷоми президент ба 20 ҳазор, дастаи зинаи дуюм ба 10 ҳазор ва дастаи мақоми сеюм ба 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.