Кӯмаки Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи Рамазон

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонид. Миқдори аввали кӯмак чанде қабл ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳар кадоме аз қуттиҳои кӯмак аз якчанд бастаҳои макарон, қанд, орд, биринҷ ва намак иборат аст. Қисмати дуюми кӯмак аксаран аз хурмо иборат хоҳад буд. Ба гуфтаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар […]

admin

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонид. Миқдори аввали кӯмак чанде қабл ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳар кадоме аз қуттиҳои кӯмак аз якчанд бастаҳои макарон, қанд, орд, биринҷ ва намак иборат аст. Қисмати дуюми кӯмак аксаран аз хурмо иборат хоҳад буд.

Ба гуфтаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, имрӯз қисмати дуюми кӯмак низ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас он ҷиҳати тақсим миёни оилаҳои камбизоат ба сохтори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ супорида мешавад.

«Агар оилаи камбизоат аз 3-4 нафар иборат бошад, барои ин гуна оилаҳо дар тамоми муддати моҳи Рамазон 2 қуттӣ аз ин кӯмак пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мо ният дорем, ки туҳфаҳои худро ба хона-интернатҳои тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд низ расонем. Барои онҳо ин барои як сол басанда аст», – зикр кард сафир.

Дар робита ба маблағи кӯмак сафир гуфт, ин як туҳфаест ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва аз ифшои маблағи умумии он худдорӣ кард. «Бигзор дӯстони тоҷик кӯмаки моро ҳамчун туҳфа қабул кунанд», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад. Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.