Шиносоии агрономҳо бо парвариши зироатҳои фаронсавӣ дар Ховалинг

Ширкати кишоварзии «Тоҷикфарм»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи TAFF (дастгирии ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон) дар парваришгоҳи ноҳияи Ховалинг барои агрономҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Ҳисор семинари дурӯзаи саҳройӣ созмон дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, дар доираи ин барнома ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳамдастӣ бо Бонки […]

Турко Дикаев


Ширкати кишоварзии «Тоҷикфарм»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи TAFF (дастгирии ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон) дар парваришгоҳи ноҳияи Ховалинг барои агрономҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Ҳисор семинари дурӯзаи саҳройӣ созмон дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, дар доираи ин барнома ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳамдастӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) яке аз лоиҳаҳо оид ба бунёди фермаи чорвопарварӣ бо тамоили бештари истеҳсоли шир ва боғи себ дар ноҳияи Ховалингро маблағгузорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай, агрономҳо бо тарзу воситаҳои парвариши се навъи картошкаи серҳосил – «Памела», «Диафла» ва «Ёна», навъи себи тезпазаки писандида дар Аврупо ва алафи юнучқа аз наздик ошно гардиданд.

«Дар ин ҷо алҳол картошка дар 1 гектар кишт шуда, тирамоҳи соли равон ширкат ният дорад, ки аз он на камтар аз 15 ҳазор сомонӣ фоида ба даст орад», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, ҳукумати ноҳияи Ховалинг барои бунёди боғи себ 26 гектар замин ҷудо карда, ниҳолҳои арзиши ҳар кадоме 9 Евро ва тухмии картошка низ аз Фаронса дастрас шудаанд.

«Навъи себе, ки дар ноҳияи мазкур парвариш карданианд, пас аз якуним сол аллакай ба ҳосил даромада, дар соли аввал ҳосилнокиашон на камтар аз 5-6 тонна аз як гектар хоҳад буд», – иброз С.Қадамов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар ноҳияи Ховалинг як корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бунёд ёфта, тавассути бордоркунии сунъӣ говҳое парвариш хоҳанд ёфт, ки дар як сол то 8 ҳазор литр шир хоҳанд дод.

«Айни замон дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг 40 сар чорво интихоб гардида, маводи бордоркунӣ мустақиман аз Фаронса оварда мешавад ва интизорӣ меравад, ки вазни насли тавлидёфта аз ин чорво на камтар аз 45 кило хоҳад буд, ки дар ин минтақа то ҳол ба ин мувафақ нашудаанд», – афзуд С.Қадамов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.