Душанбе варианти русиягии шартномаи пойгоҳи низомиро пазируфт

Ба қавли фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин, лоиҳаи созишнома, ки дар он ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъда пешбинӣ мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон қобили қабул шуморида шудааст. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, В.Чиркин ба рӯзномангорон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон варианти русиягии созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии […]

ASIA-Plus


Ба қавли фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин, лоиҳаи созишнома, ки дар он ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъда пешбинӣ мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон қобили қабул шуморида шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, В.Чиркин ба рӯзномангорон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон варианти русиягии созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвараш пас аз соли 2014-ро маъқул медонад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Дар он ҳудуди 7 ҳазор нафар сарбозону афсарон адои хизмат мекунанд. Дар низоми умумии таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ пойгоҳи мазкур як таркиби муҳим ба шумор меравад. Гуфтушунидҳо дар хусуси тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия муддати чанд моҳ идома дошта, Русия хоҳони боқӣ мондани шартҳои пешина аст.

«Лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъдаро дар маҷмӯъ ҷониби Тоҷикистон қобили қабул мешуморад. Бино ба изҳори мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, онҳо ният доранд, ки ба мувофиқасозии байниидоравии он ҳарчи бештар суръат бахшанд», – гуфтааст Чиркин.

Ӯ иброз доштааст, ки дар лоиҳаи созишнома боқӣ гузоштани тартиботи пешинаи ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон ба таври ройгон пешниҳод шудааст.

«Ҷараёни гуфтушунид босуръат идома дорад. Тамоми муқаррароти созишномаи нав аз ҷониби мо муаррифӣ шуд. Фикр мекунам, ояндаи наздик мо ба натоиҷе хоҳем расид, ки ба ҳарду тараф қобили қабул хоҳанд буд», – афзудааст генерали рус.

В.Чиркин хотирнишон сохтааст, ки «Русия Тоҷикистонро бо «аслиҳаи муосир ва техникаи махсуси низомӣ таъмин мекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.