Кӯмаки БҶ ба Тоҷикистон дар омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон

Date:


Зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Марша Олив масоили ҳамкорӣ дар соҳаи танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳалли масъалаи таъсиси марказҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Хадлдамоти муҳоҷират хабар доданд, М.Олив изҳор кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба мусоидат дар ҳалли омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ ва танзими мушкилоти муҳоҷират дар Тоҷикистон омода аст. «Масъалаи таъсиси марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ бояд дақиқан ва ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад», – гуфтааст ӯ.

Мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷират ба намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба дар танзими он изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи зарурати рушди заминаи илмии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...