Таваҷҷуҳи ширкатҳои Чехия ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

Date:


Чанде қабл дар Душанбе миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, санади мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ширкатҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расид.

«Дар доираи Ёддошти мазкур тарафҳо аҳд кардааднд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва кушодани хати қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли саноатӣ ва энергетика, аз ҷумла сохтмони заводҳои сементбарорӣ ва НБО-ҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, қарор шудааст, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯшиш ба харҷ дода, онҳоро бояд ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “FINAPRA a.s.”, ки маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро ба ўҳда хоҳад гирифт, пешниҳод намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...