Ирсоли рӯйхати суолҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба ҳукумати Тоҷикистон

Кумитаи зидии шиканҷаи СММ аз рӯйи натиҷаҳои шиносоӣ бо Гузориши дуюми марҳилавии кишвар оид ба пешгирии шиканҷа ба ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 50 суол ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева хабар дод, моҳи марти соли гузашта Тоҷикистон Гузориши дуюми марҳилавӣ дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷаро пешниҳод кард, ки […]

ASIA-Plus


Кумитаи зидии шиканҷаи СММ аз рӯйи натиҷаҳои шиносоӣ бо Гузориши дуюми марҳилавии кишвар оид ба пешгирии шиканҷа ба ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 50 суол ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева хабар дод, моҳи марти соли гузашта Тоҷикистон Гузориши дуюми марҳилавӣ дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷаро пешниҳод кард, ки аз ҷониби Кумита зимни муколамаи интерактивӣ бо ҳукумат моҳи ноябри соли 2012 баррасӣ мешавад.

«Дар муддати зиёда аз як сол Кумита тибқи гузориш рӯйхати суолҳо ба ҳукуматро таҳия мекунад.  Дар рӯйхат суолҳои гуногуни марбут ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба пешгирии шиканҷа ва кирдори бераҳмона ҷой дода мешаванд. Кумита метавонад пешниҳоди маълумоти иловагиро талаб намояд. Ҳамчунин Кумита ба ҳолатҳои инфиродӣ, ки дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ вокуниш ба бор оварданд, таваҷҷуҳ зоҳир месозад», – гуфт Баҳриева.

Роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, аз ҷумла, Кумита ба тағйирот дар Кодекси ҷиноии ҶТ дар мавриди ворид шудани моддаи ҷудогонаи «Шиканҷа» таваҷҷуҳ зоҳир сохта, ҷазои 5 соли маҳрум озод кардан аз озодиро, ки дар он пешбинӣ шудааст, ба вазнинии ҷиноят мутобиқ намедонад.

Ба гуфтаи Баҳриева, Кумита ҳамчунин ба маълумот дар бораи мутобиқи қонуни афв ғайримунсифона сабук кардани ҷазои шахсоне, ки барои шиканҷа маҳкум шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир сохта, шарҳи амали қонуни афв нисбат ба се нафар кормандони тавқифгоҳро, ки дар робита ба марги маҳбус Исмоил Бачаҷонов маҳкум шуда буданд, тақозо намудааст.

Номбурда гуфт, суолҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ асосан ба масоили андешидани чораҳо оид ба таъмини кафолат ба ҳама боздоштшудагон бо шумули робитаи онҳо бо аҳли оила, дастрасӣ ба адвокат ва кӯмаки тиббӣ, таъмини гузаронидани мониторинги минтақаҳои милиса, камера ва утоқҳои бозпурсӣ, шарҳи  механизми таъмини тафтиши ҳамаҷониба ва саривақтии тамоми шикоят ва марги маҳбусон дар зиндонҳо ва коҳиши сатҳи боздоштҳои ғайриқонунӣ марбутанд.

Дар суолҳо инчунин ба ҳодисаҳои марги Баҳромиддин Шарипов моҳи октябри соли 2011 дар ШКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Сафаралӣ Сангов дар бемористон моҳи марти соли 2011 пас аз чанд рӯзи боздошт аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Исмон Бобоев моҳи марти соли 2010 ҳангоми боздошт дар тавқифгоҳи ШКД ноҳияи Исфара ва ҳамчунин Хуршед Бобокалонов моҳи июни соли 2009 пас аз боздошти кормандони милисаи шаҳри Душанбе низ ишора меравад.

«Ҳукумат ба суолҳои ирсолнамудаи Кумита, ки моҳи ноябр дар Женева баррасӣ мешаванд, бояд посухҳои худро омода созад», – афзуд Баҳриева.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.