Аз мансаб сабукдӯш гардидани мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2 дар Ваҳдат ба як қатор ҳодисаҳои худкушӣ миёни маҳбусон дар муддати кӯтоҳ дар ин муассиса марбут нест, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.
Ба гуфтаи вай, дар ин ҷо танҳо ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, айни замон сардори муассисаи ислоҳотии Ваҳдат ва муовини ӯ дар ихтиёри шуъбаи кадрҳои вазорат қарор доранд.
«Ахиран дар ин муассисаи ислоҳотӣ се ҳодисаи марги маҳбусон ба қайд гирифта шуд, – тасдиқ кард Менглиев. – Аммо ин ҳодисаҳо бо сабабҳои гуногун ба вуқӯъ пайваста, ба шиканҷа ва рафтори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳотӣ рабт надоранд. Дар ҷараёни тафтишоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ошкор гардид, ки дар худкушии маҳбус Нӯъмон Сатторқулов ҳеҷ касе, аз ҷумла кормандони муассисаи ислоҳотӣ гунаҳкор нестанд. Дар робита ба марги маҳбуси дигар Аҷик Қаюмов Прокуратураи генералӣ тафтишоттро идома дода истодааст. Маҳбуси сеюм Алишер Қосимов бар асари аз бемории домана фавтидааст».
Ба қавли вазири адлия, ҳодисаи марги маҳбуси чорум дар ин муассиса – Далер Азизов ба қайд гирифта нашудааст.
Яке аз журналистон зикр кард, ки маҳбусон аз муассисаи ислоҳотии Ваҳдат ба ӯ занг зада, хабар додаанд, ки ҳангоми санҷиш аз онҳо ҳашт телефони мобилиашон гирифта шуда, онҳоро лату кӯб кардаанд. Ба ин Менглиев чунин посух дод: «Ҳангоми санҷиши нақшавӣ телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи манъшуда миёни маҳбусон пайдо шудааст. Аммо нисьбат онҳо ҳеҷ кас аз хушунат кор нагирифтааст. Ман намегӯям, ки дар низоми мо чунин мушкилот вуҷуд надорад. Чанде қабл гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес аз Тоҷикистгн боздид намуда, бо вазъи муассисаҳои ислоҳотӣ шинос ва хулосаи худро пешниҳод намуд, ки шумо аз ин огаҳед».


