Р.Раҳимов: Тафсилоти ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров сирри тафтишот аст

То ҳанӯз на ҳамаи афроди дастдошта дар қатли ҳамсари хоҳари президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола боздошт шуданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов. Ба гуфтаи ӯ, айни замон танҳо гумонбаршудаи асосӣ боздошт шуда, баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд. Ӯ  аз посух […]

Наргис Ҳамробоева


То ҳанӯз на ҳамаи афроди дастдошта дар қатли ҳамсари хоҳари президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола боздошт шуданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон танҳо гумонбаршудаи асосӣ боздошт шуда, баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ӯ  аз посух ба  суолҳо дар бораи мақсадҳои содир гардидани ин ҷиноят, фарзияҳои мавриди баррасӣ қароргирифта ва ифшои ному насаби боздоштшуда худдорӣ варзид. «Тафсилоти ҷинояти мазкур сирри тафтишот мебошанд. Ман аз тамоми журналистон даъват ба амал меоварам, ки то анҷоми тафтишот сабрро пеша кунанд. Пас аз анҷоми тафтишот оид ба ин парванда маълумоти муафассалу воқеъӣ пешниҳод хоҳад шуд», – зикр кард вазири корҳои дохилии ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафаров шоми 13-уми июни соли равон дар назди манзили зисташ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуд. Барои ошкор сохтани ҷинояти мазкур бо шумули кормандони Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.