ВКД: Мо шӯъбаҳои тафтишотро бо дастгоҳҳои наворбардорӣ муҷаҳҳаз сохтем

Зимни нишасти матбуотӣ вазир корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки вазорат ба пешгирии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа миёни кормандони мақомоти умури дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад. Ба гуфтаи вай, аз рӯйи натоиҷи сафараш ба Тоҷикистон гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин маврид, ки барои истифодаи шиканҷа […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти матбуотӣ вазир корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки вазорат ба пешгирии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа миёни кормандони мақомоти умури дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад.

Ба гуфтаи вай, аз рӯйи натоиҷи сафараш ба Тоҷикистон гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин маврид, ки барои истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона ҳангоми бозпурӣ ва боздошти пешакӣ шароити мусоди фароҳам меоваранд, ишора карда, баҳри бартараф сохтани онҳо як қатор тавсияҳо пешниҳод намуд.

«Мо шуъбаҳои тафтишотро бо камераҳои наворбардории видоӣ муҷаҳҳаз сохта, маркази санҷиш ифтитоҳ намудем. Ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз ин санҷиш гузашта, ба саволҳои марбут ба пешгирии шиканҷа посух гӯяд», – гуфт Раҳимов.

Вазир зикр кард, ки аз оғози сол шаш нафар кормандони милиса ба истифодаи методҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба боздоштшудагон гумонбар шудаанд. «Инҳо кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзораҳимов ва Ғаюров, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор Камолов ва Қурбонов, Қудратов аз шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Алишоев аз шуъбаи ВКД дар ноҳияи Роштқалъа мебошанд», – номбар кард вазир.

Ба қавли Раҳимов, мутобиқи моддаи нави «Шиканҷа» дар Кодекси ҷиноии ҶТ нисбат ба нозири минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, ӯ бо амалҳои худ як ноболиғро қариб ба худкушӣ оварда расонидааст. «Ба наздикӣ суд то кадом андоза гунаҳкор будани Алиевро муайян мекунад», – афзуд вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.