Қатли генерали КДАМ-и Тоҷикистон

Date:


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаров кушта шуд. А.Назаров дар канори шаҳри Хоруғ бар асари ҳамлаи шаҳсони номаълум ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори робита бо ҷомеаи КДАМ-и Тоҷикистон Нозирҷон Бӯриев хабар дод, зимни бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим автомашинаи А.Назаровро шахсони номаълум боздошт намуда, ӯро аз мошин берун меоранд ва бо корд якчанд зарбаҳои марговар мезананд.

«Тибқи фарзияи тафтишот, ба қатли генерал-майор А.Назаров ашхоси машғул ба қочоқи маснуоти тамоку даст доранд», – гуфт Бӯриев, аммо аз ифшои дигар ҷузъиёти фарзияи мақомоти тафтишот худдорӣ кард.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ ташкил шудааст, вале то ҳанӯз касе боздошт нагардидааст.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси КДАМ фаъолият намуда, қаблан роҳбарии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт.

Моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон генерал-майор А.Назаровро дар паноҳгоҳ додан ба хешовандону наздикони собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев муттаҳам карда буданд. Он замон ӯ тамоми иттиҳомотро рад намуда, изҳор дошта буд, ки он ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Тоҷикистон равона шудааст.


Акс аз радиои «Озодӣ»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...