Оғози мурофиаи судии корманди воломақоми АНМН

Date:


Дар Суди олии ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (АНМН) Равшанбек Мирзоаҳмедов оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ хабар доданд, полковники АНМН ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар шаҳрвандони касбу кори дигар низ ҳузур доранд.

«Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов дар робита ба як чорабинии фаврӣ оид ба мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир боз гардид, ки ба андешаи тафтишот, бо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ сурат гирифтааст. Ба то кадом андоза гунаҳкор будани Мирзоаҳмедов суд баҳо медиҳад», – гуфт як манбаъ дар АНМН.

Мирзоаҳмедов аввали моҳи март аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...