Эълони оташбаси пурра дар Хоруғ

Дар вохӯрии раиси ВМКБ Қодири Қосим бо фаъолон дар шаҳри Хоруғ оташбаси пурра эълон гардид. Раиси вилоят хабар дод, ки субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на дар бораи қатъи муваққатии амалиёти махсус, ки қаблан гуфта мешуд, балки дар бораи оташбаси пурра қарор қабул кардааст. «Қарори мазкур ба иллати мавҷуд будани маҷруҳон ва дар кӯчаҳо […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии раиси ВМКБ Қодири Қосим бо фаъолон дар шаҳри Хоруғ оташбаси пурра эълон гардид.

Раиси вилоят хабар дод, ки субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на дар бораи қатъи муваққатии амалиёти махсус, ки қаблан гуфта мешуд, балки дар бораи оташбаси пурра қарор қабул кардааст. «Қарори мазкур ба иллати мавҷуд будани маҷруҳон ва дар кӯчаҳо вайрон шудани ҷасадҳои кушташудагон қабул шуд», – гуфт раиси вилоят. Талаби бесилоҳшавии дастаҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ амал хоҳад кард.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар хусуси таъсиси як комиссия, ки ба ошкор сохтани масъалаи мавҷуд будани маҷруҳону ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта машғул хоҳад шуд, низ қарор қабул шуд. Ба ҳайати комиссия 20 нафар шомил гардиданд, ки ба онҳо сокинони шаҳри Хоруғ эътимод доранд. Дар қатори онҳо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Рамзия Мирзобекова низ ҳузур дорад, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ бар асари оташкушоии нишонзанон (снайперҳо) 7 нафар кушта шудаанд, ки 4 нафари онҳо кӯдакон ва як нафарашон зан мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.