Ширкати эронии «Метро», ки ба баҳодиҳии имконоти сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон машғул аст, ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳисоботи нахустинро пешниҳод намуда, айни замон ба омӯзишу коркарди маълумоти аввалия машғул аст.
Бино ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов, мушкилот дар он ифода меёбад, ки роҳи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон тавассути иншооти муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» мегузарад.
Ҳакимов зикр кард, ки ахири моҳи майи соли равон дар Эрон бо мақомоти раҳбарии вазорати роҳи ин кишвар вохӯрда, ин масъала дақиқан мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Мо аз ба дарозо кашидани ҷараёни корҳо аз ҷониби ширкати «Метро» изҳори нигаронӣ кардем. Пас аз ин намояндагони ин ширкат ба Тоҷикистон омада, бештар ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд», – гуфт вазир.
Вазири нақлиёт таъкид кард, ки намояндагони ширкати эронӣ сабаби ба дарозо кашидани корҳоро бо он шарҳ додаанд, ки ба онҳо як қатор харитаҳои махфии Тоҷикистон пешниҳод нагардидаанд. «Мо ин хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, пас аз супориши дахлдори ҳукумат ин харитаҳоро ба онҳо пешниҳод намудем. Ояндаи наздик онҳо ба мо бояд натиҷаҳои ниҳоиро пешниҳод созанд. Сипас ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи роҳ хоҳем пардохт», – афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.
Дар ҳамин ҳол, моҳи январи соли равон вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор карда буд, ки ширкати эронии «Метро» бо ҳар баҳонае иҷрои корҳои ба зимма гирифтаро ба дарозо мекашад. Вазир он замон гуфта буд, мутахассисони ин ширкат корро бо суръати хуб оғоз бахшида, вале минбаъд аз иҷрои уҳдадориҳо саркашӣ намуданд.
Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.


