Вазорати нақлиёт: Ширкати эронии «Метро» ба ҷараёни корҳо суръат бахшид

Ширкати эронии «Метро», ки ба баҳодиҳии имконоти сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон машғул аст, ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳисоботи нахустинро пешниҳод намуда, айни замон ба омӯзишу коркарди маълумоти аввалия машғул аст. Бино ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов, мушкилот дар он ифода меёбад, ки роҳи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон тавассути иншооти муҳими […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати эронии «Метро», ки ба баҳодиҳии имконоти сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон машғул аст, ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳисоботи нахустинро пешниҳод намуда, айни замон ба омӯзишу коркарди маълумоти аввалия машғул аст.

Бино ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов, мушкилот дар он ифода меёбад, ки роҳи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон тавассути иншооти муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» мегузарад.

Ҳакимов зикр кард, ки ахири моҳи майи соли равон дар Эрон бо мақомоти раҳбарии вазорати роҳи ин кишвар вохӯрда, ин масъала дақиқан мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Мо аз ба дарозо кашидани ҷараёни корҳо аз ҷониби ширкати «Метро» изҳори нигаронӣ кардем. Пас аз ин намояндагони ин ширкат ба Тоҷикистон омада, бештар ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд», – гуфт вазир.

Вазири нақлиёт таъкид кард, ки намояндагони ширкати эронӣ сабаби ба дарозо кашидани корҳоро бо он шарҳ додаанд, ки ба онҳо як қатор харитаҳои махфии Тоҷикистон пешниҳод нагардидаанд. «Мо ин хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, пас аз супориши дахлдори ҳукумат ин харитаҳоро ба онҳо пешниҳод намудем. Ояндаи наздик онҳо ба мо бояд натиҷаҳои ниҳоиро пешниҳод созанд. Сипас ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи роҳ хоҳем пардохт», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Дар ҳамин ҳол, моҳи январи соли равон вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор карда буд, ки ширкати эронии «Метро» бо ҳар баҳонае иҷрои корҳои ба зимма гирифтаро ба дарозо мекашад. Вазир он замон гуфта буд, мутахассисони ин ширкат корро бо суръати хуб оғоз бахшида, вале минбаъд аз иҷрои уҳдадориҳо саркашӣ намуданд.

Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.