ҲНИТ ба қатъи задухӯрдҳои низомӣ дар Хоруғ даъват мекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти феълии кишварро дар ҷаласаи худ аз 24 июли 2012 мавриди баррасӣ қарор дода, куштори генерал Абдуллоҳ Назаров, сардори раёсати амнияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум намуд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон шуд. Дар баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ зикр мегардад, ки дар чунин ҳолат вазифаи мақомоти марбутаи […]

Аваз Юлдошев


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти феълии кишварро дар ҷаласаи худ аз 24 июли 2012 мавриди баррасӣ қарор дода, куштори генерал Абдуллоҳ Назаров, сардори раёсати амнияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум намуд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон шуд.

Дар баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ зикр мегардад, ки дар чунин ҳолат вазифаи мақомоти марбутаи давлатист, ки барои тафтиши ҷинояти содиргашта ва ошкор намудани афроди ҷинояткор чораҳои лозимиро дар чорчӯби қонун бияндешанд.

Дар идомаи баёния таъкид мегардад, ки мақомоти кишвар талоше барои ҳалли қазия ва пайдо намудани афроди ҷинояткор аз усулҳо ва имконоти ниҳодҳои мулкӣ ва шахсиятҳои шинохтаи минтақа истифода карданд. «Ҷониби дигарро низ лозим буд, ки бо мақомот барои ёфтани роҳи ҳал ҳамкорӣ нишон медод. Дар чунин ҳолат бояд эҳсосот канор гузошта мешуд ва бидуни шитобзодагӣ талошҳои бештар барои пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб харҷ мегашт», – омадааст дар баёния.

Дар баёния гуфта мешавад, ҷои таассуф аст, ки ҳамкорӣ накардан бо мақомоти кишвар ва шитобзадагӣ зоҳир кардани ситоди муштарак боиси амалиёти вежаи низомӣ гардид, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти сангинеро ба бор дошт ва сабаби нооромии як гушаи ватанамон гардид.

«Барои пешгирӣ аз талафоти бештар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват менамояд, ки ҳарчи зудтар задухурдҳо қатъ гашта, барои баргардонидани субот ва оромӣ дар минтақа талошҳо ба харҷ дода шаванд. Истифода аз муколама ва василаҳои ғайринизомӣ беҳтарин роҳ барои ҳалли қазия мебошад. Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз аъзо ва ҳаводорони ҳизб даъват менамояд, ки барои ҳифзи оромӣ ва қонуният кушиш намоянд», – зикр мегардад дар фарҷоми баёния.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.