КМО барои олимпичиёни тоҷик почтаи электронӣ кушод

Дар остонаи ифтитоҳи Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпии Лондон-2012 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баҳри робитаи аҳолӣ бо ҳайати дастаи олимпичиёни тоҷик почтаи электронӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, аз ин пас таввасути почтаи навтаъсиси электронии [email protected] шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳар як хоҳишманд метавонад тамоми хоҳишу […]

Аваз Юлдошев


Дар остонаи ифтитоҳи Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпии Лондон-2012 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баҳри робитаи аҳолӣ бо ҳайати дастаи олимпичиёни тоҷик почтаи электронӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, аз ин пас таввасути почтаи навтаъсиси электронии [email protected] шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳар як хоҳишманд метавонад тамоми хоҳишу таманиёташро ба дастаи олимпии Тоҷикистон ва ҳар як аъзои тими кишвар, ки дар шаҳри Лондон қарор доранд бирасонад ва ҳамчунин ба саволу хоҳишаш аз онҳо посух бигирад.

«Ин иқдом баҳри дастгирии варзишгарон заминаи хуб гардида, руҳу иқболи нав ба онҳо мебахшад  ва то анҷоми Бозиҳо ҷараён мегирад», – гуфт Тешаев.

Бозиҳои олимпӣ дар Лондон 27-уми июл оғоз гардида, то 12-уми августи соли равон идома меёбанд. Дар он ҳудуди 12 ҳазор нафар варзишгарон аз 200 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқоти олимпиада намояндагони кишварҳо дар 31 навъи варзиш барои ба даст овардани 301 адад медалҳо қувваозмоӣ хоҳанд кард.

То кунун шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, 16 нафарро ташкил медиҳад. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод), Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпии Лондон-2012 иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.