Ба вазифаи директори телевизиони «Пойтахт» озмун эълон шуд

 Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» озмун эълон кард. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, озмун муддати 1 моҳ – аз 25-уми июл то 25-уми августи соли равон ҷараён хоҳад гирифт. […]

ASIA-Plus


 Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» озмун эълон кард. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, озмун муддати 1 моҳ – аз 25-уми июл то 25-уми августи соли равон ҷараён хоҳад гирифт.

«Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатм намуда  афзалият дода мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, натиҷаҳои озмун на дертар аз 30-юми августи соли 2012 эълон карда хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.