М.Аҳмадов: Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам

Date:


Собиқ сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов изҳор кард, ки ӯ дар зодгоҳаш – водии Рашт қарор дошта, кайҳо боз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар накардааст.

«Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам ва айни замон дар хонам қарор дорам. Дар куҷо будани Шоҳ Искандаров ба ман маълум нест. Бо ӯ низ муддати зиёдест, ки дар робита набудам», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Ёдрас мекунем, ки қаблан тибқи иттилои ғайрирасмӣ хабар дода шуд, ки зимни амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров кушта шудааст. Дар мақомоти қудратӣ ҳалокати Искандаровро тасдиқ намекунанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки ҳанӯз як моҳ пеш Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов (собиқ роҳбари шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) ва ҳамроҳони ӯ барои таҳкими марзҳо бо Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуда будаанд. Феълан М.Аҳмадов сафараш ба Бадахшонро рад мекунад.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли 2010 М.Аҳмадов ва наздикони ӯ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти нобуд кардани дастаи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло дар водии Рашт иштирок карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...