Раиси ВМКБ иштироки хабарнигори «Азия-Плюс» дар кори комиссияро манъ кард

Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иштироки ӯро дар кори комиссияи баҳисобгирии шумори ҳалокшудагону ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта манъ кардааст. «Раиси вилоят шахсан маро ба ҷаласаи комиссия роҳ надода, гуфт, ки иштироки ман дар он манъ аст, зерои ӯ чунин зарур мешуморад», – иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иштироки ӯро дар кори комиссияи баҳисобгирии шумори ҳалокшудагону ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта манъ кардааст.

«Раиси вилоят шахсан маро ба ҷаласаи комиссия роҳ надода, гуфт, ки иштироки ман дар он манъ аст, зерои ӯ чунин зарур мешуморад», – иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорро ба ҳайати комиссяи худи сокинони маҳаллӣ интихоб карда буданд. «Сокинони маҳаллӣ шахсони боэътимодро ба ҳайати комиссия интихоб намуданд», – гуфт ӯ.

Бинобар сабаби дар кори комиссия иштирок карда натавонистани хабарнигор, ОИ «Азия-Плюс» дар бораи шумори ҳалокшудагону ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта маълумот дастрас карда наметавонад.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, дар рӯзи аввали кор комиссия аз 20 то 30 нафар афроди кушташударо муайян карда, дар бораи шумори ҷароҳатбардоштагон ҳатто тахминӣ хабар дода намешавад.

Дар шабакаи интернет рӯйхатҳои аввалини ҳалокшудагон интишор гардиданд, вале дар онҳо танҳо ном ва соли таваллуди ҳалокшудагон дарҷ ёфтааст.

Ҳарчанд шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи аз алоқа маҳрум бошанд ҳам, дар шабакаи интернет аксҳо ва наворҳои видеоии аввалин дар бораи рӯйдодҳои Хоруғ пайдо шуданд, ки тавассути телефонҳои мобилӣ аксу наворбардорӣ гардида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва порталҳои бузурги видеоӣ гузошта шудаанд.



Дар акс бинои оташгирифтаи мактаб-интернат дар Хоруғ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистон

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.