Сабти 7,4 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 7,4 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,6 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд. Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор нафар муштариён аз алоқаи бесим истифода мебаранд. Айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар кишвар бо шумули корбарони интернети мобилӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон беш аз 7,4 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,6 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор нафар муштариён аз алоқаи бесим истифода мебаранд. Айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар кишвар бо шумули корбарони интернети мобилӣ 2,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар Хадамоти алоқа ҳамчунин гуфтанд, феълан ба ҳар як 100 нафар аҳолии ҷумҳурӣ 5,3 адад дастгоҳи алоқаи бесим ва 61 адад телефони мобилии фаъол рост меояд. Аз ҳар 100 нафари муштариёни фаъоли мобилӣ 29 нафарашон истифодабарандагони интернет мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввали соли равон субъектҳои бахши алоқа ба маблағи умумии 513,4 млн. сомонӣ хизматгузорӣ пешниҳод намудаанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.