Оғози сохтмони низоми обтаъминкунӣ дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ

Дар  доираи  лоиҳаи  «Обтаъминкунӣ  ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон»- ТоҷВСС дар ҷамоати «Роҳатӣ»-и  ноҳияи  Рӯдакӣ  корҳои  сохтмони системаи обтаъмикунӣ оғоз гардид, ки он ба 7847 нафар аҳолии  панҷ деҳа, аз ҷумла Навобод, Доваи Боло, Доваи Роҳатӣ,  Меҳтарӣ  ва Нилкон хизмат мерасонад.   Айни ҳол қариб 70 фоизи аҳолии ин деҳаҳо баҳри  қонеъ  гардонидани  зарурати  худ  оби […]

ASIA-Plus


Дар  доираи  лоиҳаи  «Обтаъминкунӣ  ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон»- ТоҷВСС дар ҷамоати «Роҳатӣ»-и  ноҳияи  Рӯдакӣ  корҳои  сохтмони системаи обтаъмикунӣ оғоз гардид, ки он ба 7847 нафар аҳолии  панҷ деҳа, аз ҷумла Навобод, Доваи Боло, Доваи Роҳатӣ,  Меҳтарӣ  ва Нилкон хизмат мерасонад.

 

Айни ҳол қариб 70 фоизи аҳолии ин деҳаҳо баҳри  қонеъ  гардонидани  зарурати  худ  оби ошомиданиро  аз  ҷӯй  ва  каналҳо  баҳри  обёрӣ истифода мебаранд, ки ба талаботҳои оддитарини беҳдоштӣ  ҷавобгӯ  намебошанд.  Ин сабаби зиёд гаштани  гурӯҳи  бемориҳои  ба  воситаи  об гузаранда мегардад.

Тавре мутахассис  оид  ба  робита  бо  ҷомеа  ва  ҳисоботдиҳии  лоиҳаи  «Обтаъминкуни  ва  беҳдошти  дар Тоҷикистон» Дилафрӯз Усмонова хабар дод, баъди бомуваффақият анҷом ёфтани раванди лоиҳакашии  системаи  обтаъминкунк  ва  тендер дар  моҳи  июл,  ҳамзамон  корҳои    сохтмон  ва тренинг барои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Беҳдошт ва саломатӣ» низ оғоз гардид. Ин Ассотсиатсия ба корҳои сохтмон  назорат намуда, ҳамчунин баъди анҷомёбии он  дар системаи мазкур ба ҳайси оператор фаъолият мекунад.

Мувофиқи фармони Вазорати молияи ҶТ сарчашмаи маблағгузории сохтмони системаи мазкур Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Беҳдошти ва саломатӣ» – 5%, ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ  –  10 % , Ҳукумати ҶТ-  15% ва Раёсати Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорк (РШРҲ) – 70%  мебошанд, ки арзиши  умумии лоиҳаро  таъмин мекунанд.

«Дар  рафти  сохтмон  давом  додани  тренингҳо  барои  Ассотсиатсияи истифодабарандагони об оид ба самаранокиву устуворӣ  ва хизматрасонии системаи обтаъминкунӣ,  инчунин    дохил  намудани  идоракунии  ҳуқуқ ва назорати сифати об ва беҳдоштӣ ба нақша гирифта мешавад», – гуфт Д.Усмонова.

Ба қавли ӯ, маъракаи воқифсозӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳии онҳо оид ба сарфакорона истифода бурдани об, тозагии шахсӣ  ва беҳдоштӣ  гузаронида мешавад. Ҳамчунин сари  вақт пардохт кардани ҳаққи хизматрасонии  обтаъминкунӣ  низ яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳатмии ин маърака мебошад.

«Корҳои дигари сохтмонии системаи обтаъминкунӣ дар моҳи августи соли 2012 дар қишлоқи Деҳлоло- 2-и ҷамоати «Кулчашма»-и ноҳияи Мӯъминобод оғоз мегардад», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи номбурда  аз ҷониби ҳукумати Швейтсария бо миёнаравии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ  маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Оксфам амалк мегардад.

Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ  барои  ҳамоҳангсозии ҳамаи барномаҳои рушд ва ҳамкорӣ дар Аврупои Шарқӣ, ҳамчунин барои кӯмакҳои башарие, ки Конфедератсияи Шветсария мерасонад, масъул аст.

Оксфам якҷоя бо ҳамкоронаш барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ фаъолият мекунад. Ташкилоти Оксфам аъзои шабакаи байналхалқии Оксфам мебошад ва дар Англия ба қайд гирифта шудааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.