Муҳоҷирати беш аз 446 ҳазор тоҷикистониён дар 6 моҳ

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави кишварро тарк карданд, ки аз ин шумор беш аз 446 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд. Сардори Хадамоти матбуоти назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсолаи аввал каме бештар аз 14 ҳазор нафар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави кишварро тарк карданд, ки аз ин шумор беш аз 446 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд.

Сардори Хадамоти матбуоти назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсолаи аввал каме бештар аз 14 ҳазор нафар тоҷикистониён бо мақсади тиҷорат, 3,6 ҳазор нафар баҳри таҳсил, 5,1 ҳазор нафар ба сайёҳӣ, 26,7 ҳазор нафар бо корҳои шахсӣ ва беш аз 3,3 ҳазор нафар ба сафарҳои хидматӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

«Миёни муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёркардагон 410 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёд аз 36 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввал беш аз 232 ҳазор нафар шаҳрвандон аз муҳоҷирати корӣ баргаштанд, ки ҳудуди 35 ҳазор нафарашон занон мебошанд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз қаламрави Тоҷикистон 186 нафар муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ хориҷ карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.