Пас аз таваққуфи дурӯза дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ барқарор шуд. Дар дафтари кории бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ аз шарҳи сабабҳои қатъ ва баъди чанде барқарор шудани дастрасӣ ба сомона худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дастрасӣ ба сомонаи шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия ғайриимкон аст. Ҳамчунин аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамгари интернет дастрасӣ ба сомонаҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, Ozodagon.tj ва Tajtube.tj низ қатъ гардидааст. Чанде қабл истифода аз видеохостинги YouTube низ дастнорас гардида, он то ҳанӯз идома дорад.
Намояндагони чанде аз сомонаҳои дастрасиашон дар Тоҷикистон қатъгардида зикр карданд, ки онҳо бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот ороста наметавонанд. «Дирӯз ӯ гӯё дар ҷаласаи ҳукумат иштирок дошт. Агар ӯ набошад, он ҷо ҳеҷ касе ба мо масъаларо шарҳ намедиҳад», – гуфтанд онҳо.
«Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумаи ҷумҳурӣ қабул шуд. Хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда ба таври шифоҳӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл ба мо расид», – гуфтанд дар ширкатҳои фароҳамсози интернет дар робита ба ин масъала.
Ҳамчунин намояндагони ин ширкатҳо мегӯянд, қариб ҳамарӯза аз ҷониби Хадамоти алоқа ба онҳо дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мерасад.
«Қариб ҳар рӯз мо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мегирем ва ҳамаи хабарҳо бидуни шарҳи сабаб фиристода мешаванд», – мегӯянд намояндагони ширкатҳои зикршуда.



