Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону ХБА дар Душанбе

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов як гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо масоили ҷараёни иҷрои буҷети давлатии соли 2012, лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2013 ва барои давраи миёнамуҳлат, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов як гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо масоили ҷараёни иҷрои буҷети давлатии соли 2012, лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2013 ва барои давраи миёнамуҳлат, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳо барои афзудани даромад ва масоили дигари сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи амалисозии Барномаи ХБА дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои назоратии пешбинишуда дар сиёсати фискалӣ ва макроиқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Ҷонибҳо ба баррасии масоили сиёсати молияву андоз, аз ҷумла чораҳои андешида ҷиҳати анҷоми таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз, масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вазъу дурнамои ҷараёни пардохти қарзҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва муносибати дуҷнибаи кишвар бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар тамоми муддати муносибатҳо бо ХБА, аз ҷумла дар қисмати баргузории ислоҳот дар бахшҳои молиявӣ комёбиҳои назаррас ба даст оарда шуданд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ХБА дар асоси сиёсати созанда рушду тақвият хоҳанд ёфт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.