Оғози Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон

Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатӣ-санитарии аҳолӣ, таъмини иштироки бевоситаи аҳолӣ дар амалисозии сиёсати ҳукумат дар бахши ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон, ба муносибаи таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатӣ-санитарии аҳолӣ, таъмини иштироки бевоситаи аҳолӣ дар амалисозии сиёсати ҳукумат дар бахши ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон, ба муносибаи таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Таҷрибаи гузашта – нақшаи оянда» ва ҷашни 10-солагии стратегияи глобалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ баргузор мешавад. Чорабини то 10-уми август идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардида, ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили ин ҳафта гузаронидани семинарҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар мавзӯи «Аҳамияти шири модар» ва сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ дар назар аст.

Зикр гардид, ки оид ба дастовардҳо ва мушкилот дар ин соҳа конфронсҳо баргузор гардида, дар шабакаҳои телевизион ва радио оид ба мавзӯи ҳимояи табиии кӯдакон барномаҳо сабту таҳия мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон рӯзҳои 1-7-уми август дар беш аз 120 кишвари дунё таҷлил мегардад. Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, кӯдаконе, ки муддати 6 моҳи аввали зиндагиашон аз шири модар баҳравар мешаванд, нисбат ба кӯдакони аз шири модар маҳрум ва бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ фарогирифта 2,5 маротиба камтар ба бемориҳо гирифтор ва 25 маротиба камтар аз ҳар гуна бемориҳо мефавтанд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.