Саркашии қумондонҳои Бадахшон аз пардохти қарзи бонкӣ

Date:


Қумондонҳои саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро ҳамчунин дар саркашӣ аз пардохти қарзи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар ҳаҷми зиёд тайи панҷ сол низ муттаҳам медонанд.

Ин айбномаҳо ба ҷурмҳои қаблан аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати мавводи нашъаовар нисбати онҳо эълоншуда, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбахо, маснӯоти тамоку ва даст доштани Толиб Айёмбеков ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров илова карда шудаанд.

Дар бораи айбдор шудани қумондонҳо ба саркашӣ аз пардохти қарзи БДА «Амонатбонк» дар сомонаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо такя ба мақомоти ҳуқуқи кишвар хабар дода мешавад.

Дар иттилои мазкур гуфта мешавад, чанд сол қабл Т.Айёмбеков ва Ё.Мамадасламов аз БДА «Амонатбонк» мутаносибан дар ҳаҷми 250 ҳазор ва 300 ҳазор доллари ИМА қар гирифта, вале тайи панҷ сол аз пардохти маблағи қарз ва фоизҳои ҷамъшудаи он саркашӣ намудаанд.

Дар хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» бо такя ба сирри бонкӣ аз шарҳи иттилои мазкур худдорӣ варзиданд. Дар ҳамин ҳол, намояндаи бонк иттилои мазкурро тасдиқ ҳам насохту инкор низ накард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...