Озмуни қориёни Қуръон миёни муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Санаи 12-уми август дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав миёни муҳоҷирини тоҷик озмуни қориёни ҚУръон баргузор мешавад. Озмун аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари иттифоқ Иззат Амон хабар дод, озмун аз рӯйи ду номинатсия – ҳифз (азёд донистани Қуръон) ва таҷвид (қироати дурусти Қуръон) гузаронида шуда, […]

Меҳрангез Турсунзода

Санаи 12-уми август дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав миёни муҳоҷирини тоҷик озмуни қориёни ҚУръон баргузор мешавад. Озмун аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари иттифоқ Иззат Амон хабар дод, озмун аз рӯйи ду номинатсия – ҳифз (азёд донистани Қуръон) ва таҷвид (қироати дурусти Қуръон) гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотплӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо ғолибон бо 1 ҳазор доллари ИМА мукофопулӣ, ноутбук ва роҳхат ба ҳаҷ сарфароз гардонида шуда, барои ҷойи дуюм 1 ҳазор долари ИМА мукофопулӣ ва телевизор ва барои ишғоли ҷойи сеюм 700 доллари ИМА ва телевизор тақдим крда мешавад.

«Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия дар шаш шаҳри Русия намояндагии худро дошта, онҳо иштпиркчиёни озмунро интихоб мекунанд. Айни замон ҷиҳати иштирок дар озмун ҳудуди 90 нафар муҳоҷирини кории тоҷики муқими Русия интихоб шудаанд», – зикр кард Иззат Амон.

Номбурда гуфт, ба сифати доварон дар озмун намояндагони Миср, Шӯрои муфтиёти Русия ва ҳофизи Қуръон аз Ҳисор қорӣ Фатҳуллохон даъват шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июли соли равон Шӯрои уламои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Озмуни байнулмилалии қориёни Қуръони кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуд. Дар озмун 42 нафар қориёни Қӯръони аз 6 то 25-сола аз кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд. Аз 15 ҷоизаи озмун 9 ҷоиза ба қориёни Қуръон аз Тоҷикистон тақдим гардид.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода он замон изҳор карда буд, ки аъзои ҳакамон аз Арабистони Саудӣ ва Қувайт зимни машварат зикр кардаанд, ки онҳо бо маҳорати қориёни зиёде ошно ҳастанд, вале чунин қориён ба монанди қориёни тоҷикро қариб вонахӯрдаанд ва ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ дарёфт кардани чунин қориён хеле мушкил аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.