Дархости шаҳрванди Қирғизистон бобати озодӣ аз тавқифгоҳи Хуҷанд

Шаҳрванди Қирғизистон аз ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар масъалаи озод шудани ӯ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд, зеро ӯ намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Ботканд будааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ба унвони директори маркази дифоъ […]

Мавлуда Рафиева


Шаҳрванди Қирғизистон аз ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар масъалаи озод шудани ӯ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд, зеро ӯ намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Ботканд будааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева бо дархости мазкур ариза навиштаааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид. Айни замон шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур машғул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.