Саркашии қумондонҳои Бадахшон аз пардохти қарзи бонкӣ

Қумондонҳои саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро ҳамчунин дар саркашӣ аз пардохти қарзи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар ҳаҷми зиёд тайи панҷ сол низ муттаҳам медонанд. Ин айбномаҳо ба ҷурмҳои қаблан аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати мавводи нашъаовар нисбати онҳо эълоншуда, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбахо, маснӯоти тамоку ва даст […]

Аваз Юлдошев


Қумондонҳои саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро ҳамчунин дар саркашӣ аз пардохти қарзи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар ҳаҷми зиёд тайи панҷ сол низ муттаҳам медонанд.

Ин айбномаҳо ба ҷурмҳои қаблан аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати мавводи нашъаовар нисбати онҳо эълоншуда, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбахо, маснӯоти тамоку ва даст доштани Толиб Айёмбеков ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров илова карда шудаанд.

Дар бораи айбдор шудани қумондонҳо ба саркашӣ аз пардохти қарзи БДА «Амонатбонк» дар сомонаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо такя ба мақомоти ҳуқуқи кишвар хабар дода мешавад.

Дар иттилои мазкур гуфта мешавад, чанд сол қабл Т.Айёмбеков ва Ё.Мамадасламов аз БДА «Амонатбонк» мутаносибан дар ҳаҷми 250 ҳазор ва 300 ҳазор доллари ИМА қар гирифта, вале тайи панҷ сол аз пардохти маблағи қарз ва фоизҳои ҷамъшудаи он саркашӣ намудаанд.

Дар хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» бо такя ба сирри бонкӣ аз шарҳи иттилои мазкур худдорӣ варзиданд. Дар ҳамин ҳол, намояндаи бонк иттилои мазкурро тасдиқ ҳам насохту инкор низ накард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.