Раиси пойтахт сокинонро ба сӯҳбати «Бидуни миёнаравон» даъват мекунад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сокинони пойтахтро ба суҳбати озоди «Бидуни миёнаравон» даъват мекунад. «Раиси пойтахт баргузор намудани вохӯрӣ барои табодули афкор ва баррасии масоили муҳими шаҳрдорӣ, мушкилоти мавҷуда ва посух ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаро пешниҳод менамояд», – иттилоъ дод котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов. Ба гуфтаи ӯ, доир намудани сӯҳбати озоди «Бидуни […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сокинони пойтахтро ба суҳбати озоди «Бидуни миёнаравон» даъват мекунад.

«Раиси пойтахт баргузор намудани вохӯрӣ барои табодули афкор ва баррасии масоили муҳими шаҳрдорӣ, мушкилоти мавҷуда ва посух ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаро пешниҳод менамояд», – иттилоъ дод котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, доир намудани сӯҳбати озоди «Бидуни миёнарав» рӯзи 23-уми август пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни мулоқот масоили амалисозии Нақшаи генералии шаҳр, бартараф кардани манзилҳои истиқоматии фарсудаву кӯҳна, симои ояндаи пойтахт, вазъи роҳҳои мошингарди шаҳр ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

«Ҳамчунин ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, лоиҳаи инноватсионии шаҳрии Mometavonem.tj ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалияи мардум таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд», – иброз дошт Ш.Саидов.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз тамоми хоҳишмандони иштирок дар вохӯрии мазкур дархост карда мешавад, ки ному насаб ва рақами телефони худро дар саҳфаи чорабинии мазкур дар Facebook сабт намоянд, то ки намояндагони кумитаи тадорукотӣ рӯйхати иштирокчиёни имконпазири вохӯриро таҳия созанд.

«Аз Шумо хушнуд хоҳам буд, агар мувофиқи имкон қаблан суолҳои худро ба саҳифаи чорабинӣ ирсол мекардед, то ки мо дар ҳамдастӣ бо роҳбарони сохторҳои салоҳиятнок ба онҳо посухҳои ҳамаҷонибаву қаноатбахш омода мекардем», – гуфта мешавад дар даъвати раиси пойтахт.

Шавкат Саидов ҳамчунин афзуд, айни замон масъалаи имкони пахши вохӯрӣ тариқи он-лайн тавассути шабакаи Интернет мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд