Ҳамоиши ҷавонони соҳибкори кишварҳои узви СҲШ дар Олтой

Ахири моҳи октябр дар шаҳри Белокурихаи кишвари Олтойи Русия баргузории Ҳамоиши ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Бино ба маълумоти Котиботи Шӯрои ҷавонони СҲШ, пешниҳоди баргузории ҳамоиш аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ ёфтааст. Корҳои тадорукотии чорабинӣ бо мусоидати намояндаи ваколатдори президенти Русия дар Ҳавзаи федералии […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири моҳи октябр дар шаҳри Белокурихаи кишвари Олтойи Русия баргузории Ҳамоиши ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Котиботи Шӯрои ҷавонони СҲШ, пешниҳоди баргузории ҳамоиш аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ ёфтааст. Корҳои тадорукотии чорабинӣ бо мусоидати намояндаи ваколатдори президенти Русия дар Ҳавзаи федералии Сибир, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури СҲШ, губернатори кишвари Олтой ва ҳамчунин як қатор мақомоти давлатии Русия – Вазорати корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод, маорифу илм, мухобироти оммавӣ ва алоқа, саноату савдо ва Агентии федералӣ оид ба сайёҳӣ сурат мегиранд.

Пуштибонӣ аз рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна ва ба тиҷорат ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ихтироъкорон аз ҳадафҳои аслии ҳамоиши мазкур унвон мешаванд. Дар ин чорабинии дурӯза аз гирдиҳам омадани беш аз 500 нафар иштирокчиён интизорӣ меравад.

Дар барномаи рӯзи аввал маърӯза ва муаррифии таҷрибаи соҳибкорони муваффақтарин дар паҳнои СҲШ пешниҳод мегардад.

Дар барномаи рӯзи дуюм фаъолият дар самтҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ дар минтақаи Уқкёнуси Ором ва Осиё, тиҷорати электронӣ, кишоварзӣ ва энергетика пешбинӣ шудааст.

Дар бахши «Маориф» баррасии масъалаи рӯзмарраву муҳим будани таҳияи барномаи махсус дар соҳаи расмиёти тиҷорати маъмурӣ дар доираи Донишгоҳи СҲШ ва муаррифии низоми дисконтӣ барои ҷавонони кишварҳои узви СҲШ – SCOYOUTHCARD дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.