Cуғд: Ҳалокати кӯдакон дар садамаи нақлиёт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду нафар кӯдакони ноболиғ қурбони садамаи нақлиёт шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 8-уми август ронандаи автомашинаи боркаши ЗИЛ Муқим Қодирови 35-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ набаромада, духтарчаи 7-соларо бо мошин пахш мекунад. То ҳозир […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду нафар кӯдакони ноболиғ қурбони садамаи нақлиёт шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 8-уми август ронандаи автомашинаи боркаши ЗИЛ Муқим Қодирови 35-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ набаромада, духтарчаи 7-соларо бо мошин пахш мекунад. То ҳозир шудани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ кӯдак ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Фирдавс Қурбонови 27-сола бар асари сарфи назар намудани риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ, бо автомашинаааш писарчаи 9-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.

Бино ба маълумоти ВКД, дар нимсолаи аввали соли равон 574 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 171 нафар ҳалок ва 616 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.