Таъсиси воҳиди мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Маскав

Дар Раёсати ҷустуҷӯии ҷиноии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав воҳиди махсуси мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъсис дода шуд, – иттилоъ медиҳад хабаргузорри РБК бо такя ба хадамоти матбуоти пулиси пойтахти Русия. Дар ин воҳид 71 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба фаъолият машғул хоҳанд шуд. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, чунин воҳидҳо дар ҳайати шуъбаҳои […]

ASIA-Plus


Дар Раёсати ҷустуҷӯии ҷиноии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав воҳиди махсуси мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъсис дода шуд, – иттилоъ медиҳад хабаргузорри РБК бо такя ба хадамоти матбуоти пулиси пойтахти Русия. Дар ин воҳид 71 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба фаъолият машғул хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, чунин воҳидҳо дар ҳайати шуъбаҳои ҷустуҷӯи ҷиноӣ дар сатҳи Раёсатҳои корҳои дохилиии ҳавзаҳо низ ба кор шурӯъ мекунанд. Воҳидҳои нав аз ҳисоби тақсимоти дубораи шумори ҳайати шахсӣ ташкил карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Русия танҳо дар соли 2011 барои ғайриқонунӣ ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ 22,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин давра ҳукуматдорони Русия 40 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷиро аз қаламрави кишвар хориҷ намудаанд.

Гуфта мешавад, Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав пешниҳод кардааст, ки заминаи ягонаи маълумот дар бораи вазъи саломатии муҳоҷирон ташкил гардад, то ки дар асоси он масъалаи қабули қарор бобати ба шаҳрванди хориҷӣ додани иҷозатномаи фаъолият дар Русия ҳаллу фасл карда шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.