Эълони озмуни байнулмилалӣ миёни журналистон дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии CAMP «Кӯҳистон» бо дастгирии созмони хайрияи OXFAM (Британияи Кабир) аз журналистон касбӣ даъват ба амал меоварад, ки дар озмуни байнулмилалӣ таҳти унвони «Идораи устувори захираҳои замин» ширкат варзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ташкилоти мазкур хабар доданд, журналистон ва идораи рӯзномаҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, нусхаи аслии мавод, сабтҳои аудио ва […]

ASIA-Plus


Ташкилоти ҷамъиятии CAMP «Кӯҳистон» бо дастгирии созмони хайрияи OXFAM (Британияи Кабир) аз журналистон касбӣ даъват ба амал меоварад, ки дар озмуни байнулмилалӣ таҳти унвони «Идораи устувори захираҳои замин» ширкат варзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ташкилоти мазкур хабар доданд, журналистон ва идораи рӯзномаҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, нусхаи аслии мавод, сабтҳои аудио ва видеоиро бо забони русӣ пешниҳод менамоянд. Маводи ирсолшуда тақриз ва баргардонида намешаванд.

Маводи беҳтарин аз ҷониби аъзои комиссияи озмун тариқи овоздиҳии мустақим муайян карда мешавад. Зимни баҳодиҳӣ ба мавод ба сатҳи касбият ва муҳимияти инъикоси масоилу мушкилоти истифодаи технологияҳои сарфаи обу хок, ноил гардидан ба устувории истифодаи замин, рушди ҷомеа ва робитаи мутақобилаи он бо муҳити зист ва рушди бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Аз 4 то 6-уми октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони «Идораи устувори захираҳои замин – афзалият барои ҷамоатҳои кӯҳӣ» ҳамоиш доир гардида, дар доираи он ғолибони озмуни мазкур бо ифтихорномаву диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маводи интишоршуда дар ВАО дар давраи аз 1-уми апрел то 20-уми сентябри соли 2012 ва анкетаи иштирокчӣ на дертар аз 25-уми сентябри соли 2012 бояд ба суроғаи элекронии кумитаи тадорукоти озмун –

[email protected]

фиристода шаванд. Ба ин суроға ҳамчунин метавон суолҳои гуногун дар бораи озмунро низ ирсол намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.