Сабти ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории домана дар Хоруғ

Date:


Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаҳои ба бемории домана мубтало гардидани аҳолӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби эпидемиологи шифохонаи маризиҳои сироятии вилоят Бодурбек Бодурбеков хабар дод, айни замон дар Хоруғ 20 нафар ба гумони гирифторӣ ба бемории домана бистарӣ гардида, бемории  9 тан аз онҳо тасдиқ ва ташхиси боз 8 нафари дигар ҳоло тайёр набуда, танҳо дар ду ҳолат гумони аввалияи гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ нашудааст.

Б.Бодурбеков ҳамчунин гуфт, айни замон сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ муайян карда мешаванд. «Мо якчанд фарзияро тахмин мекунем, ки яке аз онҳо сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ оби ошомиданӣ, дақиқтар ҳавзаи обтақсимкунии об ба манзилҳои зист аст. Аммо фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд доранд, ки мо алҳол дар бораи онҳо ҳарф заданӣ нестем. Сабабҳои воқеӣ танҳо пас аз санҷиши дақиқ муайян хоҳанд шуд», – гуфт эпидемиолог.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, барои муайян кардани сабабҳои хурӯҷи бемории домана сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев, роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ Самариддин Алиев ва сироятшиноси ғайриштатии Вазорати тандурустӣ Эркин Раҳмонов ба шаҳри Хоруғ сафарбар шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...