Кӯдакфурӯшии сокини Ваҳдат дар шаҳри Хуҷанд

Дар вилояти Суғд як зан тифли навзоди худро ба ивази 32 ҳазор рубли русӣ фурӯхт. Сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат З.Ф. санаи 12-уми август дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд кӯдак ба дунё оварда, онро ба дасти сокини шаҳри Хуҷанд месупорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин далел рӯзи чоршанбе, […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд як зан тифли навзоди худро ба ивази 32 ҳазор рубли русӣ фурӯхт. Сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат З.Ф. санаи 12-уми август дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд кӯдак ба дунё оварда, онро ба дасти сокини шаҳри Хуҷанд месупорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин далел рӯзи чоршанбе, 15-уми август, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйи ошкор карда шудааст.

«Модари ҷавон пас аз маслиҳати пешакӣ бо сокини 57-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров З.М., тифли навзоди худро ба маблағи 32 ҳазор рубли русӣ ба ӯ фурӯхтанӣ будааст», гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбат ба занони зикршуда мутобиқи моддаи 167, қисми 2-и КҶ ҶТ (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.