Ба истифода додани ҳаммомҳои нави ҷамъиятӣ дар Душанбе

Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори комиссияи қабул оид ба сохтмонро тасдиқ намуда, барои оғози фаъолияти ду ҳаммоми ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт иҷозат дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, як ҳаммоми хусусӣ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев (микрорайони 82-ум) воқеъ буда, барои қабули 50 нафар дар як вақт […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори комиссияи қабул оид ба сохтмонро тасдиқ намуда, барои оғози фаъолияти ду ҳаммоми ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт иҷозат дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, як ҳаммоми хусусӣ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев (микрорайони 82-ум) воқеъ буда, барои қабули 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. «Ин ҳаммом бо харҷи ҳудуди 4 млн. сомонӣ аз ҷониби сокинони пойтахт А.Рауфӣ ва Д.Ҳусейнов бунёд гардид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳаммоми дигар дар кӯчаи Титов (мавзеи «фурудгоҳи кӯҳна») ҷойгир буда, барои бунёди он аз ҷониби соҳибкор С.Эмомов беш аз 4,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

«Ғайр аз ин, бо қарори раиси пойтахт, барои таъмир ва эҳёи бинои бисёрошёнаи №5 дар кӯчаи Адҳамов зиёда аз 1,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид», – афзуд сухангӯи раиси пойтахт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.