Баррасии лоиҳаи нави Кодекси андоз дар Шӯрои парлумон

Рӯзи 17-уми август дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи нави Кодекси андози Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, пас аз ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Кодекси нави андоз дар кумитаву комиссияҳои парлумон мавриди баррасиву омӯзиш қарор мегирад. […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 17-уми август дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи нави Кодекси андози Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, пас аз ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Кодекси нави андоз дар кумитаву комиссияҳои парлумон мавриди баррасиву омӯзиш қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 30-юми июл дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Мутобиқи муқаррароти он, шумори андозҳо дар кишвар аз 21 то ба 10 номгӯй кам карда мешавад. Кодекси нави андоз марҳила ба марҳила, шурӯъ аз соли 2013 то соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ба баррасии иҷлосияи мазкур лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти президенти Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.