Садамаи нақлиёт бо иштироки писари мушовири давлатии президент

Дар Душанбе бо иштироки писари мансабдори баландпояи давлатӣ садамаи нақлиёти навбатӣ рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  садама соати 8-и шоми рӯзи 14-уми август дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шестопалов-Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи раводид ва бақайдгирии пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст. «Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Неъматулло […]

ASIA-Plus


Дар Душанбе бо иштироки писари мансабдори баландпояи давлатӣ садамаи нақлиёти навбатӣ рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  садама соати 8-и шоми рӯзи 14-уми август дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шестопалов-Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи раводид ва бақайдгирии пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Неъматулло Раҳматови 55-сола ва автомашинаи тамғаи «Лексус»-и муталлиқ ба Ораз Раҳматуллоеви 30-сола бо ҳам бархӯрданд», – гуфт манбаъ.

Таври маълум, ахирӣ писари мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсёати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев аст.

Зикр гардид, ки бар асари садама ронандаи автомашинаи «Опел» ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъди гузашти чанд муддате дар шифохона ба ҳалокат расидааст.

«Аз рӯйи ин далел тафтишот идома дошта, гунаҳкори садама пас аз баргузории ташхис муайян карда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.