Таъхири нашри дастури мавзӯи мавъизаҳои намози ҷумъа

Кумитаи умури дини назди ҳукумат то ҳанӯз дастури «52 мавъизаи намози рӯзи ҷумъа» барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро ба нашр нарасонидааст. Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали сол изҳори назар карда буд. Дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои мавъизаҳои намози рӯзи ҷумъа дарҷ гардида, имомхатибони мутобиқи он мавъиза хоҳанд гуфт. […]

ASIA-Plus


Кумитаи умури дини назди ҳукумат то ҳанӯз дастури «52 мавъизаи намози рӯзи ҷумъа» барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро ба нашр нарасонидааст.

Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали сол изҳори назар карда буд. Дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои мавъизаҳои намози рӯзи ҷумъа дарҷ гардида, имомхатибони мутобиқи он мавъиза хоҳанд гуфт.

Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумиаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов хабар дод, айни замон дастур дар ҳоли таҳия буда, тамоми мавзӯъҳо  мавриди баррасиву омӯзиши комиссияи махсус аз ҳисоби рӯҳониёну олимон ва мансабдорон қарор доранд.

Коршиноси мустақили масоили дин Фаридун Ҳодизода мегӯяд, дастур чандин маротиба тағйир дода шуда, якчанд намунаҳои он пешниҳод шудаанд. «Дар ин масъала «рӯ овардан ба деморатия» ва ба инобат гирифтани ақидаи ҳамагон зарур нест, зеро имомхатибон беш аз 340 нафар буда, ҳар кадоме аз онҳо як пешниҳоди наве иброз медорад ва аз ин рӯ, ин ҷараён метавонад то ба бепоёнӣ идома ёбад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ф.Ҳодизода аз ташаббуси ҳукумат дар таҳияи дастур, ки дар он мавзӯъҳои мавъизаҳо мушаххасан дарҷ меёбанд, пуштибонӣ намуда, изҳор кард, ки дар мавъизаҳо имохатиб бояд бештар на дар бораи қоидаҳои шариат, балки дар бораи ахлоқу маънавиёт ҳарф бизанад, зеро дар дин чизи аз ҳама муҳим ахлоқу маънавиёт аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.