Мақоми 84-уми Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи солимии аҳолӣ

Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи солимии аҳолӣ бо касби 38,26 балл миёни 145 кишвари дунё мақоми 84-умро ишғол намуд.Рейтинги мазкур аз ҷониби коршиносони агентии Bloomberg дар асоси маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ ва Бонки ҷаҳонӣ омода шудааст. Зимни баҳодиҳӣ ба вазъи солимии аҳолии кишварҳо меъёрҳое чун давомнокии ҳаёт, сатҳи маргумири кӯдакон, сабабҳои марг, маргумир дар гурӯҳҳои […]

Меҳрангез Турсунзода


Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи солимии аҳолӣ бо касби 38,26 балл миёни 145 кишвари дунё мақоми 84-умро ишғол намуд.Рейтинги мазкур аз ҷониби коршиносони агентии Bloomberg дар асоси маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ ва Бонки ҷаҳонӣ омода шудааст.

Зимни баҳодиҳӣ ба вазъи солимии аҳолии кишварҳо меъёрҳое чун давомнокии ҳаёт, сатҳи маргумири кӯдакон, сабабҳои марг, маргумир дар гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ ва давомнокии имконпазири ҳаёти занону мардон пас аз синнусоли 65-солагӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Истеъмоли тамоку, гирифторӣ ба фарбеҳӣ, вазъи оби ошомиданӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, сатҳи пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳо ва нишондиҳандаҳои маргумир  миёни модарон ба сифати омилҳое дониста шудаанд, ки мавқеи кишварҳоро дар рейтинг поин мебаранд.

Сингапур дар раддабандии мазкур пешсаф буда, Италияву Австралия низ ба сегонаи солимтарини кишварҳо шомил гардидаанд.

Британияи Кабир мақоми 21-ум, ИМА – 33, Русия – 97 ва миёни кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ Ӯзбекистон зинаи 85-ум, Қирғизистон – 101, Туркманистон – 104 ва Қазоқистон ҷойи 111-умро касб кардаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.