Беш аз 43 млн. $ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар 7 моҳ

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 43,3 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,4 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,9 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди 800 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 43,3 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,4 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,9 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди 800 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 19 млн. $,  сарулибос ва пойафзол ба маблағи 824 ҳазор $, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣва ғайра ворид гардиданд.

Дар ин давра ба Тоҷикистон 31 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 43,3%, Русия – 12%, Нидерланд – 6,3%, Миср – 5,2% ва Литва – 4% рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.