Қатли духтари 18-сола дар ноҳияи Вахш

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасади духтари 18-сол Фарангис Файзалиева бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид, ки бо роҳи буғӣ кардан кушта шудааст. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйи ба гумон даст доштан дар ин ҷиноят сокини 19-солаи маҳаллӣ Остон Сабзаев боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягӣ бо кушташуда иқомат мекунад. […]

Сайраҳмон Назриев


Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасади духтари 18-сол Фарангис Файзалиева бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид, ки бо роҳи буғӣ кардан кушта шудааст.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйи ба гумон даст доштан дар ин ҷиноят сокини 19-солаи маҳаллӣ Остон Сабзаев боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягӣ бо кушташуда иқомат мекунад. «Аллакай дар бозпурсии аввал О.Сабзаев ба содир намудани ҷиноят иқрор шуд», – гуфт манбаъ.

Ҳимоятгари гумонбар Хуршед Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» иқрори зерҳимояаш ба кушторро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки тафтишоти пешакӣ танҳо чанде қабл шурӯъ шудааст ва аз ин рӯ, ӯ аз шарҳи қазияи мазкур алҳол худдорӣ меварзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.