Идомаи таслими силоҳ дар шаҳри Хоруғ

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хоруғ бо мусоидати аҳли ҷомеа, намояндагони дин ва шахсони ҷудогона ҷараёни таслими ихтиёрии силоҳи аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл миқдори зиёди яроқҳои гуногунтамға, аз ҷумла автомати Калашников, норинҷакҳои гуногунтамға, яроқҳои суфтамил,  таппончаҳои тамғаи Макаров, снарядҳо ва […]

Аваз Юлдошев


Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хоруғ бо мусоидати аҳли ҷомеа, намояндагони дин ва шахсони ҷудогона ҷараёни таслими ихтиёрии силоҳи аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл миқдори зиёди яроқҳои гуногунтамға, аз ҷумла автомати Калашников, норинҷакҳои гуногунтамға, яроқҳои суфтамил,  таппончаҳои тамғаи Макаров, снарядҳо ва миқдори зиёди тирҳои тамғаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хотиррасон месозад, ҳар нафаре, ки яроқу лавозимоти ҷангиро ихтиёран месупорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Дар иттилои интишоршудаи Вазорати корҳои дохилӣ доир ба шумораи умумии силоҳу муҳимоти мусодирашуда маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, рӯзи панҷшанбе мувофиқа ҳосил шудааст, ки яке аз қумондонҳо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот медиҳад.

Қаблан ҳукуматдорон боисрор тақозо намуда буданд, ки М.Муҳаммадбоқиров бояд дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ баёнот диҳад. «Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадбоқиров нигаронӣ дошт, ки дар ШКД-и шаҳри Хоруғ ба ҳабс гирифта мешавад, аз ин рӯ, боисрор талаб кард, ки дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот хоҳад дод», – иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.